Ба истифода додани бинои дуошёнаи бахши минтақавии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

  Ба истифода додани бинои дуошёнаи зершуъбаи минтақавии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров <a href="https://t.
REKLAM ALANI
Ба истифода додани бинои дуошёнаи бахши минтақавии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Yayın: 02 Nisan 2023 DÜNYA Google News

 

 

 

 

Ба истифода додани бинои дуошёнаи бахши минтақавии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

.2023 , ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Баъди ба истифода додани майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои бахши милитсияи шаҳраки Овчиқалъачаи Шуъбаи-2-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба истифода доданд.

 

 

 

 

 

Сохтмони иншоот соли 2019 оғоз гардида, дар асоси лоиҳаи муосири шаҳрсозӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба анҷом расонида шудааст.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шароити фароҳамшуда барои кормандони мақомоти милитсия баҳои баланд дода, ҳайати шахсиро ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, саҳм гирифтан дар пешгирии ҷинояткорӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва иҷрои дигар уҳдадориҳои касбӣ вазифадор намуданд.

Бинои бахши милитсияи шаҳраки Овчиқалъача дорои 18 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ ва ошхона буда, дар он ба кормандони мақомоти милитсия барои иҷрои уҳдадориҳои касбӣ ва пешрафти фаъолияти хизматӣ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат кормандони мақомоти милитсияро ба истифодаи пурраи имконияти фароҳамшуда ва иҷрои саривақтии уҳдадориҳо вазифадор намуданд.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30406?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

 

Son Güncelleme: 02 Nisan 2023