Иштирок дар ҷаласаи васеи Шӯрои олии иқтисодии авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё

  Иштирок дар ҷаласаи васеи Шӯрои олии иқтисодии авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё <a href="https://t.
REKLAM ALANI
Иштирок дар ҷаласаи васеи Шӯрои олии иқтисодии авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё
Yayın: 27 Mayıs 2023 GÜNDEM Google News

 

 

 

Иштирок дар ҷаласаи васеи Шӯрои олии иқтисодии авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё

.2023 , шаҳри Душанбе

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи васеи Шӯрои олии иқтисодии авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ба ҳайси роҳбари давлати даъватшуда дар шакли маҷозӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

 

 

 

 

Ҷаласаи Шӯро дар шаҳри Москва таҳти раёсати Президенти Федератсияи Русия, Раиси Шӯрои олии иқтисодии авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё Владимир Путин сурат гирифт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ изҳор доштанд, ки кишварҳои аъзо ва нозирони Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё шарикони анъанавии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд ва кишвари мо дар асоси дуҷониба бо аксари онҳо робитаҳои зичи тиҷоративу иқтисодӣ дорад.

Ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои номбурда ҳамасола тамоюли афзоиши босуботро касб кардааст. Ҳамин аст, ки ҳиссаи кишварҳои Иттиҳод дар тиҷорати хориҷии кишвари мо дар соли 2022 зиёда аз 42 фоизро ташкил карда, қариб панҷоҳ фоизи содироти молҳои истеҳсоли маҳаллӣ ба онҳо рост меояд.

Бо таъкиди алоқамандии ҷониби Тоҷикистон ба рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои Иттиҳод Сарвари давлати мо бахшҳои мухталифи саноат, соҳаҳои нақлиёт, кишоварзӣ ва гидроэнергетикаро ба ҳайси яке аз манбаъҳои асосии тавлиди “энергияи “сабз” ва заминаи калидии рушди “иқтисоди сабз” ҳамчун самтҳои барои ҷонибҳо манфиатовари ҳамкорӣ номбар карданд.

Дар фарҷоми сухани худ Пешвои миллат таъкид карданд, ки ҳамкорӣ дар асоси манфиатҳои умумӣ авлавияти амалҳои мо дар сатҳи минтақавӣ муайян гардидааст ва Тоҷикистон онро минбаъд ҳам рӯйи кор хоҳад гирифт.

facebooktwitter

kaynak:http://www.president.tj/node/30750?utm_source=dlvr.it&utm_medium=twitter

 

 

Son Güncelleme: 27 Mayıs 2023